- ҷигар
- [جگر]1. яке аз узвҳои дарунии бадани инсон ва баъзе ҳайвонҳо, ки ҳосилкунандаи заҳра мебошад ва барои таъмини мубодилаи моддаҳо дар бадан хизмат мекунад2. маҷ. фарзанд, фарзанди азиз ва дилбанд; ҷону ҷигар маҷ. хешу ақрабои хеле наздик3. маҷ. шуҷоат, далерӣ, ҷуръат; аз ҷигар // аз банди ҷигар аз дил, аз таҳти дил, бо самимият; ҷигар сӯрох-сӯрох будан киноя аз дарду алами сахт доштан; ҷигар хун кардан киноя аз азобу уқубати сахт кашидан; аз ҷигарат занад! некии касеро, ки надонистӣ, осеби азиме ба ту расад; аз ҷигар оҳ кашидан оҳи чуқур кашидан аз шиддати дарду ғам; хуни ҷигар хӯрда… хеле азоб кашида…, хеле ранҷ бурда…; хуни ҷигар шудан хеле азоб кашидан, хеле машаққат дидан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.